Аз нишастҳои матбуотӣ

С. Мирзоев: «18 нафар донишҷӯйи филиали ДДМ дипломи сурх гирифтанд»

№95 (3889) 07.08.2018

IMG_7989Соли равон аз 103 хатмкунандаи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе 18 нафар дипломи сурх гирифтанд. Дар ин бора сарвари таълимгоҳ Сайъалоҳ Мирзоев дар нишасти матбуотие, ки 2 август баргузор гашт, хабар дод.

Барномаҳои таълимӣ дар Филиали ДДМ аз рӯи 6 равия, мутобиқи  талаботи стандартҳои федеролии таҳсилоти олӣ дар ду факултет – илмҳои табиӣ ва гуманитарӣ амалӣ мешавад. Дар факултети илмҳои табиӣ мутахассисони математикаи амалӣ ва информатика, химия, физика ва механика, геология ва дар факултети гуманитарӣ бошад, аз рӯи ихтисосҳои идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва лингвистика омода карда мешаванд.

Дар давраи зикршуда 5 донишҷӯ дар конференсияи байналмилалии донишҷӯён, аспирантон ва олимони ҷавон «Ломоносов – 2018», ки аз 10 то 14 апрели соли равон баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар конференсияи анъанавии илмӣ – амалии 8 — уми «Хонишҳои ломоносовӣ» 23 донишҷӯ ширкат варзиданд, ки ин нишондиҳанда далели ба таври ҷиддӣ ба донишомӯзӣ машғул будани  муҳасиллин дарак медиҳад.

 Ворис, «Садои мардум»