Аз нишастҳои матбуотӣ

«Сафина» мухлисони зиёд дорад

№17 (3967) 12.02.2019

DSC_4783Нишасти матбуотие, ки 7 феврали соли ҷорӣ дар МД «Телевизиони Сафина» доир гардид, пурра аз тариқи саволу ҷавоб ҷараён гирифт. Таҳияи филмҳо ва дубляж, интихоби санъаткорон барои барномаҳои консертӣ, сатҳу сифати барномаҳо, ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки вобаста ба онҳо савол пешниҳод гардиданд.

Вобаста ба пурсиши муаллифи сатрҳо роҷеъ ба тарҷума ва интихобу таҳияи филмҳо директори МД «Телевизиони Сафина» Носир Саидов ва сардори идораи таҳия ва дубляжи филмҳо Маҳмудҷон Ализода гуфтанд, ки филмҳое интихоб мегарданд, ки пурмазмун ва тарбиявианд. Онҳо аввал аз назари роҳбарияту мутахассисон гузаронида мешаванд ва баъд барои таҳияи онҳо беҳтарин тарҷумон ва ҳунарпешагон ҷалб мегарданд. «Сафина» ягона шабакаест, ки дубляж дар он бисёровоза аст ва соли 2018 идораи таҳияи филмҳо ва дубляж 58 филми бадеиро дар ҳаҷми 6390 дақиқа пешниҳоди бинандагон кард.

Зикр шуд, ки Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» соли дуюм аст, ки бо мақсади табодули таҷриба ва ҳавасмандии кормандон Озмуни телевизионии «Беҳтарин» — ро доир менамояд. Соли сипаришуда бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 100 барнома, 500 гузориш ва 30 ролику лавҳаи телевизионӣ манзури бинандагон шуд. Дар маҷмӯъ, 20 лоиҳаи нав амалӣ гардид. Шумораи умумии барномаҳои доимии телевизион 68 ададро ташкил медиҳад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»