Аз нишастҳои матбуотӣ

Саволҳо дар доираи барномаи таълимӣ пешниҳод мегарданд

№15 (3652) 14.02.2017

Мар-Тести  (3)Маркази миллии тес­тии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаб­буси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, фаъолияташ ҷиҳати таъмини шаффофият, арзёбии одилонаи дониши довталабон барои роҳ ёфтан ба донишгоҳу донишкадаҳо роҳандозӣ шудааст, — иброз дошт раиси он Хуршед Икромӣ дар нишасти матбуотӣ, ки 6 феврали соли 2017 доир шуд.

Гузаронидани пажӯҳиш ва муайян кардани сатҳи дониши иштирокчиёни олимпиадаҳои фаннии  ҷумҳуриявӣ аз вазифаҳои дигари он буда,  ин кор хеле тавсеа ёфтааст. Марказ дорои 47 маркази имтиҳонотии  бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Теъдоди довталабоне, ки соли гузашта холҳои гузаришро соҳиб шуда, ба тақсимот роҳ ёфтанд, 59533 нафарро ташкил намуд.

Хуршед Икромӣ зимни посух ба саволи чӣ гуна омода шудани саволҳои тестӣ гуфт, ки онҳо дар доираи барномаҳои таълимӣ, бо ҷалби мутахассисони соҳа омода мешаванд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»