Аз нишастҳои матбуотӣ

Шаҳринав. Дар баробари пешравиҳо проблемаҳои ҳалталаб низ зиёданд

№95 (4045) 06.08.2019

ШАХРИНАВМуовини якуми раиси ноҳияи Шаҳринав Дилшод Исроилзода зимни нишасти матбуотӣ (26 июл) иброз дошт, ки нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 ба ҷои 16 миллиону 351 ҳазор сомонии пешбинишуда 17 миллиону 27 ҳазор сомонӣ иҷро шуд. Алҳол шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ 2230 ададро ташкил медиҳад, ки фаъолияти пурсамар доранд. Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷет 100 ва қисми хароҷот 92 фоиз таъмин гардид. Айни ҳол дар ҳама шакли хоҷагидорӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ 11977 гектарро ташкил менамояд.

Номбурда афзуд, ки то ба ҳол 2600 тонна ғалладона, 2315 тонна картошка, 9411 тонна сабзавот, 2062 тонна мева истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 зиёд аст.

- Дар нимсолаи аввали соли 2019 корхонаҳои саноатии ноҳия, новобаста аз шакли моликияташон, ба маблағи 14 миллиону 865 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллиону 144 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Сабаби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба кор даромадани корхонаҳои нави саноатӣ аст. Баҳри иҷрои стратегия, консепсия, барномаҳо ва дурнамои ноҳия то соли 2022 таъсиси боз 11 корхонаи истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст, — афзуд Дилшод Исроилзода.

Хабарнигорон доир ба фаъолияти хунукназаронаи табибони беморхонаи марказии ноҳия нисбат ба беморону муроҷиаткунандагон, фаъолияти ғайриқаноатбахши Маркази давлатии назоратии санитарию эпидемиологӣ ва ҳолати ногувори боғи фарҳангу фароғатии ноҳия суол пешниҳод карданд. Муовини раис аз норасоиҳои ҷойдошта, аз ҷумла, дар соҳаи тандурустӣ, изҳори нигаронӣ намуда, сабаби фаъолияти ғайриқаноатбахши маркази номбурдаро аз нарасидани мутахассисон дар муассиса арзёбӣ кард.

Аз таъмирталаб будани роҳҳои маҳаллӣ ва кӯчаҳои марказӣ низ изҳори ташвиш карда шуд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»