Аз нишастҳои матбуотӣ

Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА: «Соли 2018 соли муваффақиятҳои бузург буд»

№17 (3967) 12.02.2019

DSC_4793Фазои фарҳангии соли сипаригардидаро чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Иди Наврӯз дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе ва Панҷакент, барномаҳои муштараки консертии «Шоми дӯстӣ» дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошкент, ба фаъолият шурӯъ намудани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Қатар, Кувайт, рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон ва амсоли инҳо ғанӣ гардониданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотие, ки 8 феврал баргузор гардид, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода маълумот дод.

Ӯ афзуд, ки соли 2018 ба феҳристи арзишҳои байналмилалии ЮНЕСКО ворид гардидани санъати гулдӯзии «Чакан» аз дастовардҳои назарраси аҳли фарҳанг ва ҳунар мебошад.

Номбурда соли сипаришударо соли муваффақиятҳои бузург номида, гуфт, ки дар Озмуни ХV байналмилалии «Санъати ­китоб»-и Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ китоби «Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик», ки аз ҷониби Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик интишор гардидааст, шоҳҷоизаи озмунро сазовор гардид.

Аз ҷониби ҳайатҳои эҷодии муассисаҳои консертӣ 87 суруду оҳанги тоза ва 59 номераи нави рақсӣ эҷод ва бо тавсияи бахши мусиқӣ ва драмавии Шӯрои бадеӣ 30 асари мусиқии композиторон ва 19 асари драматургон харидорӣ гардид. Падидаи фараҳбахши дигар он буд, ки дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» ба фаъолият оғоз кард.

Театрҳои кишвар 72 асари навро ба саҳна гузоштанд. Муассисаҳои театриву консертӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷопон, Ҳиндустон, АМА ва Хитой сафарҳои ҳунарӣ анҷом доданд.

Шамсиддин Орумбекзода ёдрас шуд, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ қасри фарҳанг бо 350 ҷойи нишаст ва дар ноҳияи Шуғнон бо 450 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд. Илова бар ин, қасрҳои фарҳанги ноҳияҳои Муъминобод, Балҷувон, Варзоб ва Шаҳристон ба истифода дода шуданд.

ВОРИС, «Садои мардум»