Аз нишастҳои матбуотӣ

Шираи камол – қавикунандаи масунияти бадан

№22 (4284) 18.02.2021

Фарход Рахими (7)15 феврали соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолият дар соли 2020 нишасти матбуотӣ доир гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ рӯзноманигорон ва иштирокчиёнро бо дастовардҳои академия дар соли 2020 ошно карда, минҷумла чунин гуфт:

- Соли 2020 олимони Академияи миллии илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 102 мавзӯъ, аз ҷумла, 60 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 20 — илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 22 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ, идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Инчунин, аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ 2730 кори илмӣ, аз ҷумла, 236 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 2494 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 1981 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 211 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 117 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.

Дар ин давра олимони АМИТ 23 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотро соҳиб шуданд.

- Барои истифода дар истеҳсолот беш аз 30 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, — афзуд Фарҳод Раҳимӣ.

Вобаста ба COVID-19 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 28 феврали соли ҷорӣ ба истеҳсоли маводи гипохлорити натрий, ки ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ истифода мешавад, шурӯъ намуданд. Илова бар ин, бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқра ба роҳ монда шудааст. Олимони Академияи миллии илмҳо дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии рустании камоли тоҷикон собит намуданд, ки шира ва решаи онро ҳамчун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардонидани масунияти бадан истифода бурдан мумкин аст.

Н. ТИЛЛО,

«Садои мардум»