Нишасти матбуотӣ

Шодиён Султонзода: Баъди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маоши кормандони мо аз ҳама баланд аст

№ 21.07.2016

18-уми июли соли равон дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо иштироки ҳайати профессорону устодон нишасти матбуотӣ барпо гардид. Ректори донишгоҳ Шодиён Султонзода иброз намуд, ки дар 10 факултаи ин боргоҳи дониш аз рӯи 45 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Бо маќсади дастгирии супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби захираҳои молиявии дохилӣ маоши кормандон ба таври назаррас баланд бардошта шуд ва имрӯз, дар миёни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, музди меҳнати аз ҳама баландро баъди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кормандони донишгоҳи мо мегиранд.

Шодиён Султонзода афзуд, ки соли 2015 аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохтмони ду бинои калони таълимӣ оғоз гардида буд. Дар назар аст, ки дар арафаи оғози соли нави таҳсил яке аз ин биноҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Донишгоҳ бо беш аз 30 донишгоҳи хориҷи кишвар, аз ҷумла Япония, Олмон, ИМА, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва давлатҳои муштаракулманофеъ робитаҳои хуби илмию таълимӣ дорад. Дар 6 моҳи сипаришудаи соли равон ду нафар устодони донишгоҳ  сазовори унвони доктори илм ва ҳафт нафар номзади илм гардиданд.

 Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»