Аз нишастҳои матбуотӣ

Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ ба 6,2 миллион нафар расид

№88 (3882) 19.07.2018

_DSC0017+- Бо афзоиши талаботи аҳли ҷомеа ба иттилоот фаъолияти Хадамоти алоқа беш аз пеш назаррас мегардад. Бинобар ин, кормандони он кӯшиш менамоянд, ки аҳолии мамлакатро бо хизматрасонии босифати алоқаи барқӣ ва почта таъмин намоянд, — иброз намуд муовини сардори Хадамоти зикршуда Адолат Абдураҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ 16 июли соли ҷорӣ.

Тибқи иттилои номбурда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ даромади умумии муассисаҳои соҳаи алоқа якҷоя бо операторон ва провайдерони хусусӣ ба 1 миллиарду 314,6 миллион сомонӣ расид, ки баробар ба 108,2 фоизи нақша аст. Ҳаҷми хизмат­расонии алоқа ба аҳолӣ 925,5 миллион сомониро ташкил дод. Ба муштариёни имтиёздор, ки шумораашон 12845 нафар мебошад, ба маб­лағи 359,5 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шуд. Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ ба 6,2 миллион нафар расид.

Барои хабарнигорон, ҳамчунин роҳбарони зерсохторҳои Хадамоти алоқа оид ба натиҷаи фаъолият ҳисобот доданд. Ба гуфти сардори ҶСК «Тоҷиктелеком» Қурбон Шамсов, кормандони ин ниҳод ба аҳолӣ ба маблағи 127 миллиону 907 ҳазор сомонӣ хизмат расонида, нақшаро 108 фоиз иҷро кардаанд.

Натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи КВД «Почтаи тоҷик» низ назаррас аст. Дар ин давра ба маблағи 4 миллиону 24 ҳазору 669 сомонӣ хизмат расонида шуд, ки баробари 112 фоизи нақша мебошад.  

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»