Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти 5678 тонна пиёз ва олую гелос аз ноҳияи Шаҳринав

№93 (3887) 02.08.2018

Исроилзода- Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нақшаи андозҳои вобасташудаи буҷети маҳаллӣ дар ҳаҷми 100,4 фоиз иҷро гардид ва ба буҷети маҳаллӣ 12 миллиону 587 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 53 миллиону 206 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 573 ҳазор сомонӣ зиёд аст, — изҳор дошт муовини якуми раиси ноҳияи Шаҳринав Дилшод Исроилзода зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда гуфт, ки майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ соли ҷорӣ 12201 гектар, аз он 7458 гектар зироатҳои ғалладона ва лӯбиёгӣ, 1765 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 500 гектар пахтазорро дар бар мегирад. Айни ҳол дарави ғалладона ва ҷамъоварии картошкаю сабзавот идома дорад. Аз баракати фаровонҳосилии имсола, кишоварзон ба хориҷи кишвар 4795 тонна пиёз, 564 тонна олу ва 319 тонна гелос содирот карданд.

Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 7 миллиону 750 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ба 117 фоиз баробар аст.

Инчунин, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 оид ба Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳия як зумра корҳо ба анҷом расидааст. Ҷиҳати муайян намудани беҳтарин ҳунарманди мардумӣ, аз ҷумла оид ба ҳунарҳои оҳангарӣ, кулолгарӣ, косибӣ, сангтарошӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаю муассиса ва ташкилот озмунҳо доир ва ҳунарҳои мардумӣ ташвиқ карда шудаанд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»