Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли гузашта 90 ҳазор довталаб имтиҳон супориданд

№15 (3965) 07.02.2019

ММТИн нуктаро директори Маркази миллии ­тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Хуршед Икромӣ 31 январи соли ҷорӣ зимни нишастӣ матбуотӣ баён намуд.

Назар ба гуфти ӯ, шумораи довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфтанд, 70 ҳазору 822 нафарро ташкил дод. Тибқи натиҷаҳои 2 озмуни тақсимот 60 ҳазору 701 нафар донишҷӯ гардиданд.

Инчунин, зикр шуд, ки соли 2018, баръакси соли 2017, шумораи умумии духтарони ба озмун роҳёфта 86 ва писарон 85 фоизро ташкил дод.

Таъкид гардид, ки барои шаффоф гузаронидани имтиҳонҳо дар марказҳои имтиҳонӣ аз ҳисоби фаъолони шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ ташкил карда шудааст, ки ҳайати онҳо 141 нафарро ташкил медиҳад.

Хуршед Икромӣ инчунин иттилоъ дод, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани иттилоърасонию таблиғот дар шаҳрҳои Кӯлобу Панҷакент, ноҳияҳои Рашт ва Данғара бахшҳои минтақавии шуъбаи ташкил ва идораи имтиҳонҳои марказ ба фаъолият шурӯъ кард.

Ҷамшеди Сабоҳиддин, «Садои мардум»