Аз нишастҳои матбуотӣ

Таҳияи лоиҳаи шаш қонун аз ҷониби Маркази миллии қонунгузорӣ

№91 (4041) 27.07.2019

DSC_0018++Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тафсири илмию амалии Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ»-ро омода кард. Тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ» ва «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба нашр омода ва тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» шурӯъ гардид. Дар ин бора директори марказ Иззатулло Саидзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 22 июл баргузор шуд, иттилоъ дод.

Номбурда афзуд, ки бо супориши мақомоти болоӣ Марказ лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалӣ» дар таҳрири нав, «Дар бораи тиҷорати электронӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»-ро таҳия намуд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати амалисозии таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории кишвар бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои ИДМ гузаронида шуд ва дар шакли тавсияҳо ба нашр расид. Ҳамчунин, оид ба такмили муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» низ тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

Р. УМАР, «Садои мардум»