Аз нишастҳои матбуотӣ

Тадбирандешиҳои бетаъхир ҳуқуқвайронкунии гумрукиро кам кард

№95 (4045) 06.08.2019

DSC_1002- Дар нимсолаи аввали соли 2019 гардиши мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 2 094,1 млн. доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,3 млн. доллар зиёд мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ якуми августи соли равон сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода.

Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки дар ин давра сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 101 мамлакати ҷаҳон амалиёти содироту воридотро ба анҷом расониданд.

Зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии молу воситаҳои нақлиёти дар низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод» ба расмияти гумрукӣ даровардашуда, танҳо молу воситаҳои нақлиёт ба маб­лағи 322,4 млн. доллари амрикоӣ мавриди андозбандии пурра қарор гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 39,2 фоиз кам мебошад.

Инчунин, имтиёзҳои тарифию андозии дар шакли пурра ва қисман озодкардашуда 78,3 фоизи ҳаҷми умумии воридоти мол дар низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод»-ро ташкил намуд. Ба ибораи дигар, аз ҳаҷми умумии воридоти молу воситаҳои нақлиёт танҳо 21,7 фоизи он мавриди андозбандӣ қарор гирифт. Арзиши гумрукии молҳои қисман аз имтиёзҳои гумрукию андозӣ бархӯрдор 849,3 млн. доллари ИМА (57,1 фоиз) ва арзиши гумрукии молҳои пурра аз имтиёзҳои гумрукию андозӣ озодкардашуда 315,6 млн. доллари амрикоӣ (21,2 фоиз)-ро ташкил менамояд.

Дар маҷмӯъ, арзиши гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, ки аз имтиёзҳои тарифию андозӣ бархӯрдор гардидаанд, ба 1 165,0 млн. доллари ИМА ва пардохтҳои гумрукии сарфиназаршуда ба 1 261,7 млн. сомонӣ баробар аст.

- Мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ беш аз пеш тавсеаву тақвият ёфта, истодааст. Дар шаш моҳи соли равон дар ин самт 1917 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 344 ҳолат кам мебошад. Ин нишондиҳандаҳо дар натиҷаи тадбирандешиҳои бетаъхир якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ, пешгирӣ намудани қочоқи молу маҳсулот ва густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ба даст омадааст, — афзуд Хуршед Каримзода.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ ашхоси муҷрим 3 482 854 сомонӣ ҷарима, 12 165 604 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет ворид ва ба маблағи 3 915 564 сомонӣ мол мусодира шуд.

Далер Мерганов, «Садои мардум»