Аз нишастҳои матбуотӣ

Тасдиқи сохтор ва оинномаи нави Консерваторияи миллӣ

№16 (3966) 09.02.2019

Кон Милли- Соли 2018 сохтори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо шуъбаҳои нави ёрирасон ва назорати таълим — маркази тестӣ, бақайдгирӣ ва машварат, шуъбаҳои ғоибона ва такмили тахассуси кормандон, магистратура ва доктор PhD, таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон пурра гардида, маҷаллаи илмӣ таъсис дода шуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ   ноиби ректор Саъдулло Каримов. — Бо қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ сохтор ва оинномаи нави консерватория тасдиқ гардид, ки айни ҳол таълим аз рӯйи онҳо роҳандозӣ шудааст.

Соли 2018 ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро 53 нафар хатм намуда, бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар соли таҳсили 2018-2019  131 довталаб қабул гардиданд, ки 63,9 фоизи нақшаи қабулро ташкил медиҳад.

Аз он изҳори қаноатмандӣ шуд, ки устодон ва донишҷӯёни консерватория дар аксар чорабиниҳои фарҳангӣ бо барномаҳои консертӣ ширкат варзиданд. Робитаҳои байналмилалии консерватория бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид.

Соли гузашта бори нахуст ду омӯзгор — Ҳунарманди халқии ҷумҳурӣ Қурбоналӣ Ёқубов ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Файзалӣ Ҳасанов  соҳиби унвони дотсенти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Н.НИЗОМӢ,

«Садои мардум»