Нишастҳои матбуотӣ

Татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 1000 ҷои кори доимӣ фароҳам сохт

№91 (3728) 29.07.2017

Чорводори (6)Барои таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 133 трактор, 12 борбардори фронталӣ, 2 экскаватор ва зиёда аз 840 мошинолоти гуногун, аз қабили ядак, ғаллакӯбак, мотоблок, таҷҳизот барои ҷамъоварии хӯроки чорво ва ғайра дастрас шуд. Ин нуктаро 25 июл, зимни нишасти матбуотӣ директори маркази мазкур Каримзода Саъдӣ Ғафор зикр кард.

Таъкид гардид, ки дар марҳилаи якум 15 миллион доллари ИМА ҷудо шуд, ки он барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии 22400 хонаводаи камбизоати ноҳияҳои Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон равона гардид.

Яке аз самтҳои афзалиятноки лоиҳа дастгирии занони деҳот ва ба ҷои кор таъмин намудани онҳо мебошад. Зикр шуд, ки 780 зан дар соҳаи чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, коркарди шир ва пашм ба шуғл фаро гирифта шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ноҳияҳои зерҳадаф зиёда аз 1000 ҷои кори доимӣ таъсис дода шуд.

-Барои хушзоткунии чорвои   аҳолӣ ба ноҳияҳои зерҳадаф 510 сар қушқори зоти ҳисорӣ ва 48 сар чорвои калон дастрас гардид ва аз онҳо дар ду соли охир насли хушзот гирифта шуд, ки  вазнафзункунии онҳо нисбат ба  чорвои маҳаллӣ аз 20  то 30 фоиз зиёд мебошад, — афзуд Каримзода Саъдӣ ғафор.

Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» аз моҳи феврали соли 2016 оғоз гардида, то 31 марти соли 2021 давом мекунад.

 Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»