Аз нишастҳои матбуотӣ

Таваррум ба чӣ рабт дорад?

№91 (4196) 28.07.2020

Бонки Милли (1)Дар нишасти матбуотии Бонки миллӣ, ки 22 июли соли равон доир шуд, сатҳи таваррум аз масъалаҳои таваҷҷуҳбарангез буд. Дар робита ба ин масъала раиси он Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, ки ин нишондиҳанда муътадил буда, моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 4,3 фоизро ташкил намуд. Лозим ба ёдоварист, ки ин рақам дар қиёс  ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Дар шарҳи масъала, инчунин, зикр шуд, ки таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби таъсири паҳншавии бемории коронавирус COVID-19, омилҳои мавсимӣ (номусоидии боду ҳаво, коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва зиёд гардидани талабот ба онҳо) ва болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ (алалхусус маҳсулоти хӯрок­ворӣ)  ба амал омад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар  нимсолаи якуми соли 2020  реҷаи қурбии «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» идома ёфт. Дар ин давра қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА тағйирёбии муътадил дошта, қурби расмии он (қурби миёнавазни хариду фурӯши доллари ИМА дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ) 6,4 фоиз коҳиш ёфт.

Қурби нақдӣ (қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ) дар ҳамин давра 8,7 фоиз баланд шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 банди фоизӣ зиёд мебошад.Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ба 3,2 фоиз баробар гардид.

Бо мақсади таъмини пардохт­пазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар марҳилаи зуҳури коронавирус бо қарори ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ аз 1 апрел то 31 декабри соли 2020 фоизи қарз бо пули миллӣ 2 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 4 банди фоизӣ паст карда шуд.

Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки вазъи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи буҳронӣ беҳбудӣ ёфта, ба маблағи 241,7 млн. сомонӣ пардохтпазирии иловагӣ фароҳам шавад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 73  ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла, 17  бонки анъанавӣ,  бонки исломӣ, 20  ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6  ташкилоти қарзии хурд ва 29  фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Дар давраи зикршуда як ташкилоти амонатии қарзии хурд ба бонк (ҶСК «Алиф Бонк») табдил ёфта, ба ҶСП ТАҚҲ «Ҳумо» ва Фонди қарзии хурди «Имон» барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ тавассути «равзанаи бонкии исломӣ» иҷозатнома дода шуд.

Дороии ташкилотҳои қарзии молиявӣ то 30 июни соли ҷорӣ 22,5 млрд. сомониро ташкил дода,  дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 фоиз зиёд мебошад. Уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ  мутаносибан  ба 16,1 млрд. сомонӣ ва 6,4 млрд. сомонӣ баробар шуда, мутаносибан 4,9  ва 4,5 фоиз афзуд.

Дар робита ба пешниҳоди қарз зикр шуд, ки  моҳҳои январ-июни соли 2020 маблағи қарзи додашуда 3 миллиарду 959,3 млн. сомониро ташкил дода, меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,5 банди фоизӣ коҳиш ёфт.

Далер Мерганов, «Садои мардум»