Аз нишасти матбуотӣ

Техникаҳои махсуси коммуналӣ корношоям шудаанд

№90 - 91 (3571 - 3572) 19.07.2016

Чордаҳуми июли соли равон дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ доир гардид. Тавре муовини якуми директори генералии корхонаи мазкур Равшан Тӯйчизода иттилоъ дод, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маблағи 59 миллиону 72,9 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 105,4 фоизро ташкил медиҳад.

Номбурда изҳор дошт, ки ҳолати ногувори техникаҳои махсуси корхонаҳои коммуналӣ яке аз камбудиҳои асосии соҳа буда, аз 889 техника, ки дар мувозинаи корхонаҳои соҳа қарор дорад, 320 — тоаш корношоям мебошад.

- Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳо дар ин давра ба истифодабарандагон 24 миллиону 848,4 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ расонида, дар ҳаҷми 10 миллиону 397,6 ҳазор метрии мукааб баровардани партовҳоро таъмин намуданд. Маблағи хизматрасониҳо 31 миллиону 980 ҳазор  сомонӣ  буда, нисбат ба як соли пеш 110,7 фоизро ташкил медиҳад, -гуфт Равшан Тӯйчизода.

Дар доираи барномаи «Беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ  барои солҳои 2008-2020» аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 83 миллиону 809,8 ҳазор сомонӣ равона шудааст.

Зикр шуд, ки қарзи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар назди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 33 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, қарзи аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо дар назди КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 43 миллиону 923 ҳазор сомонӣ мебошад.

 А. Шариф «Садои мардум»