Аз нишастҳои матбуотӣ

Технопарки донишгоҳ бо 20 корхонаву муассиса қарордод ба имзо расонидааст

№5 (3642) 18.01.2017

Safarali-Gadoev-prorektori-DTT-U19A6085-730x480- Соли 2016 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ҳафт лоиҳаи буҷавӣ — фармоишии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дархостшуда мавриди иҷро қарор гирифт, ки маблағи умумиашон 227 382 сомониро ташкил дод, – изҳор дошт муовини якуми ректор оид ба таълими муассисаи мазкур  Сафаралӣ  Гадоев зимни нишасти матбуотӣ (11 январи соли 2017). -  Дар давоми соли гузашта  технопарки донишгоҳ бо 20 корхонаву муассисаи ҷумҳурӣ оид ба иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, омӯзишӣ ва истеҳсолӣ қарордод ба имзо расонид.  Парки технологӣ намунаи таҷрибавии воситаи техникии хурди  сохтмонию роҳсозӣ- миниэкскаваторро сохта, барои  озмоиш пешниҳод кард.

Муваффақиятҳои варзишии  донишгоҳ низ нисбат ба солҳои гузашта назаррас мебошанд. Аз ҷумла, дастаи мунтахаби волейболи донишгоҳ  дар шаҳри Кобули Давлати Исломии Афғонистон ҷойи дуюмро сазовор шуд. Донишҷӯйи курси якуми факултети сохтмон ва меъморӣ Шаҳбоз Неъматуллоев дар Чемпионати Осиё байни мактабҳои олӣ дар намуди бокс сазовори ҷойи якум гардид.

Сафаралӣ Гадоев доир ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ сухан ронда, фаъолияти самараноку умедбахши  факултети муштараки муҳандисию техникии Тоҷикистон- Беларус, ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо 14 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷиро низ аз ҷумлаи дастовардҳо номид.

 Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»