Аз нишасти матбуотӣ

«Тоҷикагролизинг» марказҳои хизматрасониро фаъол мекунад

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

 27 июли соли равон нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» баргузор гардид.

Дар он раиси корхона Акрамзода Юсуф иброз намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2016 бобати таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат, таъсис додану мукаммалгардонии марказҳои хизматрасонии техникӣ, дастрас намудани техника ва таҷҳизоти  кишоварзӣ, гузаронидани амалиёти иҷораи молиявӣ (лизингӣ) корҳои зиёд ба анҷом расид.

Аз аввали фаъолият корхона аз ҳисоби маб­лағҳои буҷетӣ, хоҷагидорӣ, грантӣ ва фонди шарикӣ (маблағҳои бозгашт)  1169 адад техникаи кишоварзии гуногунтамға ба маблағи 132,6 млн. сомонӣ, 1713 адад таҷҳизот ба маблағи 22,4 млн. сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 155 млн. сомонӣ ба ҷумҳурӣ техника ва таҷҳизот ворид намудааст.

Инчунин, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 48 маркази хизматрасонии техникӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 19 адад, Суғд-11, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 8 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10 адад таъсис дода шуд.

Корхона дар давраи фаъолият бо таҳвилкунандагон барои ворид намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ зиёда аз 200 шартнома ба имзо расонид. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуд аст, ки ба техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ сахт ниёз доранд, — гуфт раиси КВД «Тоҷикагролизинг» Акрамзода Юсуф.

 

 

Р. ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»