Аз нишастҳои матбуотӣ

Тоҷикистон бо 179 кишвар робитаи дипломатӣ дорад

№98 (4360) 29.07.2021

ВКХ- Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба уҳда дорад. Аз ин рӯ, пойтахти кишвар мизбони ҳамоиши ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои ­аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20 — солагии таъсиси он ва нишасти Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ хоҳад буд, — гуфт вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сироҷиддин Муҳриддин 27 июли соли равон дар ­нишасти матбуотӣ.

Ӯ, инчунин, иброз дошт, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёр­ҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ густариш ёфтанд.

Дар нимсолаи аввали соли равон сарварони давлатҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва Қирғизис­тон бо сафари расмӣ ба кишвар омаданд. Ғайр аз ин, дар самти муносибатҳои дуҷониба бо Туркманистон ҷиҳати татбиқи созишҳое, ки байни роҳбарияти олии ҳар ду кишвар соли 2019 дар Ашқобод ҳосил шуда буданд, чораҳои лозима андешида шуданд.

- Муносибати байни Тоҷикистон ва Беларус ба ҳамкории мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ — техникӣ ва фарҳангӣ — гуманитарӣ, чун ­анъана дар маҷрои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум густариш меёбад. Инчунин, муносибатҳо бо Украина дар сатҳи устувор қарор дошта, ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтанд, — афзуд Сироҷиддин Муҳриддин.

Рӯйдоди муҳими соли равон дар робитаҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Покистон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод мебошад, ки дар таърихи густариши муносибатҳои дуҷониба саҳифаи навро кушод. Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ҳар ду кишвар, масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардида, дар фарҷом 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд.

То якуми июли соли равон шумораи кишварҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаанд, ба 179 — то расидааст.

Сайфиддин СУННАТӢ,

 «Садои мардум»