Аз нишастҳои матбуотӣ

Усмон Маҳмадёрзода: «Ятимон бо хӯроки гарм таъминанд»

№18 (4280) 09.02.2021

mahmadyorzoda-mamurСоли 2020 фаъолияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, аҳли он барои баланд бардоштани сифати таълим, тақвият бахшидани донишу маҳорати донишҷӯён талош варзиданд. Дар ин бора ректори донишгоҳ Маҳмадёрзода Усмон Маъмур зимни нишасти матбуотӣ 4 феврал гузориш дод.

Аз суханронии номбурда маълум гашт, ки дар 10 факултети донишгоҳ 11753 нафар таҳсил менамоянд, ки аз ин 9138 донишҷӯ аз рӯи 46 ихтисос дар шуъбаи рӯзона, 235 магистр, 57 доктор аз рӯи ихтисос (PhD), 2615 донишҷӯ аз рӯи 19 ихтисос дар таҳсилоти фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар 50 кафедраи донишгоҳ 485 омӯзгор, аз ҷумла, 6 академик ва 6 узви вобастаи АИКТ ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 46 доктори илм, 50 профессор, 145 номзади илм ва 290 омӯзгор ба кор ҷалб шудаанд.

Донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда бо хобгоҳ ва идрорпулӣ таъмин буда, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо дар арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо кумак расонида мешавад.

Соли 2020 донишҷӯёни донишгоҳ дар якчанд чорабинии илмӣ, аз ҷумла, дар озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкор ва навовари беҳтарин», ширкат варзиданд. Ҳамчунин, муҳассилини донишгоҳ дар олимпиадаи фаннӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Хурсандиовар аст, ки ду донишҷӯи донишгоҳ яке аз фанни астрономия сазовори ҷойи дуюм ва дигаре аз фанни кимиё сазовори ҷойи сеюм гаштанд.

Зикр шуд, ки дар донишгоҳ 11 донишҷӯи маъюб ва 42 ятим таҳсил мекунанд, ки аз пардохти маблағи шартнома озод ва бо хӯроки гарми ройгон таъминанд.

Ворис,

 «Садои мардум»