Аз нишастҳои матбуотӣ

Воридот каму содирот зиёд гашт

№10 (3804) 25.01.2018

Рушти Иктисод  (3)Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Завқӣ Завқизода дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки соли 2017 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 61,1  миллиард долларро ташкил дода, рушди воқеии он ба 71 фоиз расид.  45 фоизи  нишондиҳандаи рушди он ба соҳаи саноат рост меояд.

- Соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20,0  миллиард сомонӣ расид, — гуфт З. Завқизода. — Аз ҷумла,  дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли  маҳсулот ба 4,5 миллиард сомонӣ, соҳаи саноати коркард — 11,7, истеҳсолу тақсими неруи барқ, газ, гармӣ ва  обтаъминкунӣ ба 3,7  миллиард сомонӣ баробар гардид.

Соли гузашта гардиши савдои хориҷӣ 3 миллиарду 973,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки  ин 1,1 фоиз ё 43,2 миллион доллар дар муқоиса бо соли 2016 зиёд аст. Содирот ба 1 миллиарду 198, 1 миллион доллар баробар шуд, ки низ 33,3  фоиз  нисбат ба соли рафта зиёд мебошад. Агар соли 2015 дар сохтори гардиши  савдои  хориҷӣ ҳиссаи содирот 20 фоиз бошад, ин рақам соли 2017 ба 30,2 фоиз расид. Ҳиссаи воридот тайи ин солҳо аз 80 то ба 69,8 фоиз коҳиш ёфт.

- Соли 2017  дар минтақаҳои озоди иқтисодии  мамлакат 11 субъекти нав ба қайд гирифта шуд ва шумораи умумии онҳо ба 71 адад баробар шуд. Ҳаҷми маҳсулоти дар  минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат истеҳсолшуда 368,3 миллион сомониро ташкил дод, — гуфт Завқӣ Завқизода.

Мувофиқи таҳлил сатҳи таваррум (инфлятсия) дар соли гузашта 6,7 фоизро ташкил дод, ки он асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ (7,5 фоиз), маҳсулоти ғайриозуқа (4,4 фоиз) ва тарофаҳои хизматрасонӣ (7,7 фоиз) ба миён омадааст.

Дар маҷмӯъ, соли 2017, новобаста аз таъсири раванд­ҳои  глобалӣ, дар соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат пешрафт ба назар расида, қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ баланд гардид.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»