Аз нишастҳои матбуотӣ

Заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ такмил меёбад

№93 (4355) 15.07.2021

DSC_5170- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ дар самти рустанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ як қатор корҳоро ба сомон расонид, — изҳор дошт 12 июли соли ҷорӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон.

Баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа як қатор лоиҳа, аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи хок», «Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 — 2026» таҳия шуд.

Андешидани тадбирҳои судманд ба он мусоидат намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳама шакли хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 12375, 1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла, гӯшти чорво ва паранда 88,1 ҳазор ва моҳӣ ба 905,7 тоннаро ташкил дод.

Қайд гардид, ки роҳбарият ва кормандони вазорату Академияи илмҳои кишоварзӣ ба таъмини тухмии хушсифат, ки омили асосии фаровонҳосилист, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ин хотир аз Ҷумҳурии Беларус картошкаи тухмии навъҳои «Манифест» ва «Янка» харидорӣ шуда, ба хоҷагиҳои навоҳии Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Рашт, Сангвор, Кӯҳистони Мастчоҳ дастрас шуд.

Дар нишаст хабарнигорон аз мушкилоти ҷойдошта — изофанависӣ дар соҳаи пахтакорӣ, тухмии бадсифати картошка, коҳиши майдони кишти пахта, нарасидани оби полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, баландшавии нархи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзӣ, изҳори нигаронӣ карданд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»