Нишасти матбуотӣ

Зарардидагони офатҳои табиӣ бештар аз чор миллион сомонӣ кумак гирифтанд

№ 21.07.2016

DSC_0233

Дар шаш моҳи соли равон аз офати табиӣ, хусусан борони сел (24 маротиба) мардум хисороти зиёд дид. Дар маҷмӯъ, 41 ҳолати фавќулодаи табиӣ ба амал омад, ки бар асари он 10 нафар ба ҳалокат расид.

Зарари моддии аз офати табиӣ расида 122 миллиону 130 ҳазору 300 сомониро ташкил дод. Аз ҷумла 955 хонаи истиќоматӣ ќисман, 72 хона пурра, 12331.3 га замини кишт ва 88 га хоҷагии ҷангал зарар расид.

Ба хонаводаҳои зарардида аз ҳисорби Буҷети давлатӣ кумаки якваќтаи моддӣ, ҷамъ дар ҳаҷми 4 млн. 346,6 ҳазор сомонӣ пардохт шуд. Ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо 61 нафар ҳалок гардидааст.

Ба масъалаи ҷалби мутахассисон ба Кумита аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ба ќарибӣ 10 нафар хатмкунандагони Коллеҷи ҳарбии Тоҷикистон ба кор ќабул ва бори аввал бо тариќи озмун 11 нафар довталабон барои хондан аз тарафи Кумита ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

Доир ба ин ва дигар масъалаҳо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавќулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар нишасти матбуотӣ, ки 21 июли соли 2016 доир гашт, ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»