Аз нишастҳои матбуотӣ

Зимистон не, тобистон 84 деҳа дар Кӯлоб аз барқ маҳрум аст

№87 (4037) 20.07.2019

dav- Ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ дар минтақаи Кӯлоб аз мушкилоти доғи рӯз ба шумор меравад. Дар ин бобат 16 июли соли 2019 зимни нишасти матбуотӣ директори ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» Давлат Холов маълумот дод. Баргардонидани қарзҳо, ки асосан аз солҳои пеш боқӣ мондаанд, қаноатбахш нест. Айни замон дар минтақаи Кӯлоб 28 ҳазор симчӯби фарсуда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора дар 6 моҳи соли ҷорӣ 400 ададаш иваз гардид. Нақшаи ҷамъоварии пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ дар 6 моҳ 86 фоизро ташкил медиҳад.

- Феълан дар минтақаи Кӯлоб қарзи қувваи барқ 98 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки 63 млн. сомонии он қарзи аҳолӣ мебошад. Айни ҳол 84 деҳа аз истифодаи неруи барқ маҳрум аст, — гуфт муовини директор оид ба фурӯши барқ дар минтақаи Кӯлоб Сафаралӣ Мирзоев.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

рӯзноманигор