Аз нишастҳои матбуотӣ

Зулфия Давлатзода: «Театрҳо 55 асари навро ба саҳна гузоштанд»

№20 (4126) 13.02.2020

Фарханг (4)- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ фаъолияти худро тавсеа бахшид, — гуфт вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода дар нишасти матбуотие, ки 6 феврал баргузор гардид.

Муассисаҳои театрию консертии тобеи вазорат дар чорабиниҳои вобаста ба таҷлили Рӯзи Модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи пойтахт, Рӯзи шашмақом, Рӯзи ваҳдати миллӣ, Рӯзи забони давлатӣ, 25 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра фаъолона иштирок намуданд.

Соли 2019 дар театрҳои касбии кишвар 55 асари нав ба саҳна гузош­та шуд. Аз ҷумла, дар театрҳои пойтахт 22 намоиш ва дар театрҳои музофот 33 намоиш рӯи саҳна омад. Дар давраи мавриди назар фестивалҳои ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», «Дунёи саодат», озмунҳои ҷумҳуриявии «Даргоҳи ҳунар ва маърифат», «Оинаи Таърих» ва «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.

Аз суханони Зулфия Давлатзода маълум гашт, ки соли 2019 дар ҷумҳурӣ 14 иншооти фарҳангӣ, аз ҷумла, 5 қасри фарҳанг, 2 китобхона, осорхона, 6 боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд шудааст.

Дар маҷмӯъ, 6050 китобхона дар кишвар фаъолият дорад. Теъдоди китобхонаҳое, ки ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст гардидаанд 107 адад мебошанд. Аз он изҳори нигаронӣ гардид, ки 266 китобхона таъмирталаб буда, 53 адад дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 376 рӯзнома — 112 адад давлатӣ ва 264 номгӯй ғайридавлатӣ ба қайд гирифта шудааст. Муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра, бо дарназардошти нашри китобҳои дарсӣ дар ҶСШК «Матбуот», дар маҷмӯъ, 325930 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ — оммавӣ чоп карданд.

ВОРИС, «Садои мардум»