Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№64 (4170) 30.05.2020

Хукумат27 майи соли 2020 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар он нахуст ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба ҷараёни иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар Хатлон баҳри иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии беш аз 7500 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар 3901-тои он корҳои сохтмонию навсозӣ анҷом ёфт, ки 52 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии иншоот 3210 адад ё 82 фоизи он аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуд. Аз ин ҳисоб дар вилоят солҳои 2018-2019 ва се моҳи соли 2020-ум 4742 ҷойи кори доимӣ ва 11 161 ҷойи кори мавсимӣ ташкил гардид. Аз шумораи умумии иншооти ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ банақшагирифташуда 603 адад ба соҳаи маориф, 941 — тандурустӣ, 210 — фарҳангӣ ва 590 адад иншооти варзишию солимгардонӣ мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар муҳимияти таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро таъкид намуда, ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати тақвияти бунёдкориву ободонӣ, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, афзун намудани шумораи ҷойҳои нави корӣ, назорати сатҳу сифати корҳои сохтмонию навсозӣ ва рушди инфрасохтори маҳал, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сипас, аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»-ро баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Дар бораи «Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва дар бораи «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ҳисобот доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии масъалаҳои рӯзнома ва бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои мавҷуда ба ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар мамлакат ва боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сироятёфтагон, таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, дастгирии пайвастаи кормандони соҳаи тандурустӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дар охир Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир ба вусъати бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, омодагии ҳамаҷониба ба тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, вусъати корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили меваю сабзавот ва дигар зироати кишоварзӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

www.president.tj