Ҳамоиши сатҳи баланд дар Душанбе

№70 (3707) 13.06.2017

12 июни соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Наврӯз» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе ва коршиносону масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ширкат доштанд.

Дар суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон ва баргузории ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир»- ро имконияти бузург барои шиносоии бештар ва воқеӣ бо Тоҷикис­тон, ҳамчунин бо талош­ҳои Ҳукумати мамлакат дар масири рушди устувор ва мавқеи қотеъонаи он дар арсаи мубориза бо мушкилоту хатарҳои муосир арзёбӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки қабул гардидани «Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор то соли 2030» ба шароите рост омад, ки дар нуқоти гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд ва яке аз ҳадафҳои аслии баргузории ҳамоиш таҳкиму тавсеаи ҳамкориву шарикии бардавом ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва пешгирии иқдомҳои муштарак ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз он, ки дар чунин вазъият ягон кишвари дунё ба танҳоӣ наметавонад дар арсаи мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ комёб гардида, амну суботро таъмин намояд, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву ҳамёриро барои таъмини амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои дастҷамъона дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгаройӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Омодагию ҳавасмандии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли СММ барои тақвияти ҳамгироӣ бо кишварҳои сайёра ва ниҳодҳои тобеи ин созмони муътабари ҷаҳонӣ, ки дар ин самт бояд нақши калидӣ ва ҳамоҳангсоз дошта бошанд, таъкид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми суханронӣ бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обу экологии глобалӣ, изҳори умедворӣ намуданд, ки дар раванди татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалӣ низ аз шарикии судманд истифода мешавад.

Дар идомаи ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш суханронӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили чорабинии муҳим ва пайгирии масъалаҳои муҳиму ҳалталаби ҷаҳони муосир изҳори миннатдорӣ кард.

Ҳамчунин, дар ҳамоиш ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигар коршиносони дохилию хориҷӣ оид ба талошу дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор суханронӣ карданд.

Дар бахшҳои алоҳидаи ҳамоиш «Таъсири тағйирёбиии иқлим ба рушди Тоҷикистон ва Ҳадафҳои рушди устувор», «Таъмини амнияти озуқаворӣ», «Соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва имкониятҳо барои татбиқи «Барномаи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» ва ғайра баррасӣ гардид.

www. president. tj