Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бекмуродзода С. Б.

№7 (3801) 16.01.2018

аз 13 январи соли 2018, №13, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Бо сабаби таҷдиди сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бекмуродзода Султон Бекмурод аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН