Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Абдураҳимов Х. С.

№141 (4247) 19.11.2020

аз 18 ноябри соли 2020, № 590, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдураҳимов Хайриддин Саидович бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН