Ба кор даровардани корхонаи нави таълимию истеҳсолии «Гулдастони Пойтахт-90»

№102 (3248) 01.09.2014

Гулдастони Пойтахт-90

Сиюми августи соли 2014 дар кӯчаи Рустам Каримови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи нави таълимию истеҳсолӣ-Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастони Пойтахт-90» ба кор дароварда шуд.

Зимни ифтитоҳи корхона ва шиносоӣ бо фаъолияти гуногунҷанбаи он, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимию истеҳсолӣ барои омӯзиши васеи ҳунарҳои зебои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзию зардӯзӣ, қолинбофӣ ба занону духтарон пешбинӣ шудааст.

Бинои корхона аз се ошёна иборат буда, дар он коргоҳу синфхонаҳои амалии қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, тарроҳӣ ва дӯхти либос ва туҳфаҳои гуногуни хотиравӣ аз маҳсули дасти гулдӯзону зардӯзон ва қолинбофони дастӣ ва ҳам утоқҳои ороиши рӯю мӯй ҷойгир шудаанд.

Дар ин корхона беш аз 250 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки 200 нафари онҳо қолинбофон мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин кор дар тамоми ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бояд васеъ ба роҳ монда шавад, зеро ба ин васила шумораи зиёди занону духтарони хонашин соҳиби касбу ҳунар, кор ва маоши хуб мешаванд ва ҳунарҳои зебои миллии тоҷикӣ аз нав эҳё гардида, ба сайёҳону дигар завқмандони санъату фарҳанги бостонии мо муаррифӣ мешавад.

Дар посух иттилоъ дода шуд, ки то охири соли равон ҳамин гуна корхонаҳо дар се ноҳияи дигари пойтахт низ бунёд ёфта, беш аз ду ҳазор духтарону бонувон ба омӯзиши ин ҳунарҳо ва машғул шудан бо ин кор ҷалб карда мешаванд.

Зимни боздид аз ошхонаи корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин ҷо ҳамчунин дарсҳои таомпазӣ ва дастархонороӣ ташкил карда шавад.

www.president.tj