Барқияҳои табрикӣ

№112 (3258) 27.09.2014

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 26 сентябри соли 2014 ба Раиси ҷумҳури мунтахаби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷалолатмаоб!

Иҷозат фармоед интихоби Шуморо ба ҳайси Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсиси давлати ваҳдати миллиро ба Ҷалолатмаоби Шумо ва кулли мардуми дӯсти Афғонистон самимона табрик намоям.

Давлати ваҳдати миллӣ ниёзи ҳаётии кишвар ва мардуми бародари Афғонистон аст. Мо аз оғози таъсиси низоми навини сиёсӣ дар кишвари Шумо зарурати эҷоди давлати фарогир ва мутавозин ва дорои пойгоҳи васеи иҷтимоӣ ва ваҳдату иттиҳоди тамоми неруҳои ватандӯст ва созандаро пайваста таъкид менамудем.

Орзумандам ин давлати ваҳдати миллӣ бо талошу тадбир ва садоқату ҳадафмандии муштараки Ҷалолатмаоби Шумо ва Ҷалолатмаоб Абдулло Абдулло кишвари Афғонистонро дар шоҳроҳи субот, созандагӣ, пешрафт, иттиҳод ва ваҳдати шикастнопазири мардум муттаҳидона ва масъулона пеш барад.

Таманнои онро дорам, ки муносибатҳои таърихан дӯстонаи ду кишвари ҳамнажоду ҳамзабон ва ҳамфарҳангу ҳамдини мо густариши матлуб ёбанд ва ҳамкории судманди мо бо саъю талоши муштарак ба сатҳи сифатан нав ворид гардад.

Бо истифода аз ин имкони нек ба Ҷалолатмаоби Шумо сиҳати комил ва муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми бародари Афғонистон амният, субот ва хушрӯзӣ таманно дорам».

***

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 26 сентябри соли 2014 ба номзади мақоми олии Раиси иҷроии Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷалолатмаоби арҷманд!

Масаррат дорам таъсиси давлати миллӣ ва пешниҳоди Шуморо ба ҳайси номзади мақоми олии Раиси иҷроии Ҳукумати ваҳдати миллӣ ба Ҷалолатмаоби Шумо, ҷонибдорону муттаҳидони Шумо ва тамоми мардуми бародари Афғонистон сидқан табрик ва таҳният арз намоям.

Комёбии бузурги Шумо дар интихоботи Раёсати ҷумҳурӣ натиҷаи табиии талош ва пайкори содиқонаи Шумо тайи солҳои тӯлонӣ дар ҷабҳаҳои ҷиҳод, муқовимат ва созандагӣ таҳти раҳбарии фарзандони кабири Афғонистон – устод Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд барои озодӣ, истиқлол, ваҳдат ва пешрафти Афғонистон ва саодату хушрӯзии мардуми ранҷдидаи он аст. Мутмаинам, ки дар мақоми олии Раиси иҷроии Ҳукумат дар таркиби тими муттаҳид бо садоқату фидокорӣ, ҳадафмандӣ ва тадбир фаъолияти босамар ва муваффақ хоҳед дошт.

Итминони комил дорам, ки фаъолияти Шумо ба рушди пайгири муносибатҳои таърихан дӯстонаи мо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳо мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Ба Шумо, Ҷалолатмаоб Абдулло Абдулло, тандурустӣ, иродаи матин ва комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Афғонистон субот, саодат ва пешрафт таманно дорам».