Барқияи табрикӣ

№32-33 (3333-3334) 07.03.2015

Чоруми марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Ба муносибати дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалаба ба даст овардани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки роҳбариашро Шумо ба уҳда доред, табрикоти самимии маро бипазиред.

Бо истифода аз ин имконият, ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии бардавом, дар фаъолияти Шумо комёбиҳо ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу осоишро таманно дорам».

www.president.tj