Барқияи табрикотӣ

№63 (3209) 14.06.2014

12 июни соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович!

Басо сарфарозам, ки ба муносибати солгарди иди миллии Федератсияи Россия аз номи халқ ва Ҳукумати Тоҷикистон табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтаринро ба Шумо ва ҳамаи мардуми Россия иброз медорам.

Мехоҳам бо қаноатмандии зиёд қайд намоям, ки муносибатҳои мушорикату ҳамкории стратегии байни ҳар ду кишвар ҳар чӣ бештар вусъат меёбанд.

Мо азм дорем, ки барои корбурди неруи ғании муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаи байни кишварҳоямон минбаъд ҳам бо Россия зич ҳамкорӣ намоем.

Аминам, ки саъю кӯшишҳои якҷояамон на фақат ба таҳкими мушорикати Тоҷикистону Россия, балки ба суботу пешрафти минтақаамон ҳам мусоидат мекунанд. Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсади наҷиб ҳамаи чизи аз худ вобастаро ба ҷой меорад.

Ин воқеаи гуворо ба ман имкон медиҳад, ки ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, тансиҳатии бардавом, саодату муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Россия беҳбудию шукуфоиро таманно намоям».

www.president.tj