Барқияҳои табрикӣ

№95 (3396) 16.07.2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи чордаҳуми июли соли 2015 ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ниҳоят хушҳолам, ки Шумо ва мардуми дӯсти кишварро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллии Ҷумҳурии Франсия – солгарди ба даст овардани Бастилия – сидқан табрику таҳният гӯям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи муносибатҳои худро бо Ҷумҳурии Франсия баланд арзёбӣ намуда, Франсияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо мешуморад ва ба густариши бемайлони ин равобит ва васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳо ҳавасманд аст.

Мо аз сатҳи рушди муносибатҳои дуҷониба қаноатманд ҳастем ва итминон дорем, ки ба кор андохтани имкониятҳои тоза барои боз ҳам тавсеа бахшидани муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба ба нафъи ҳар ду кишвар буда, боиси таҳкими сулҳу субот ва равобити судманди созанда дар минтақа мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек мо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем кард.

Дар ин рӯзи мубораку фархунда ба ҷаноби Президент тансиҳатӣ ва пирӯзиҳои ҷадид орзу намуда, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва саодату шукуфоӣ хоҳонам».

***

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи чордаҳуми июли соли 2015 ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли хушнудӣ ва масаррати фаровон хабари ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳи «5+1»-ро дар масоили барномаи ҳастаии Шумо дарёфт намудам.

Пирӯзии афкори созанда дар ин мавзӯъ дарвоқеъ зафар ёфтани ақлу заковат ва тафаккури инсонист, ки он на танҳо ба нафъи Эрони бародар, балки ба манфиати тамоми минтақа аст ва ба мардумони соҳати паҳновари он ва ҳамаи бани Одам зиндагии орому осоишта, пешрафту тараққӣ ва ояндаи хубу осмони беғуборро таъмин мекунад.

Бо ибрози табрику таҳнияти Ҷаноби Олӣ ва мардуми Эрон бо ин дастоварди бузург ба кишвари бародар амну амонӣ ва рифоҳу саодат орзумандам».

www.president.tj