Барқияи табрикӣ

№103 (3897) 23.08.2018

21 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Лутфан табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ба муносибати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон интихоб гардиданатон бипазиред.

Итминон дорам, ки тайи давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади пурмасъули давлатӣ муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон дар масири таҳкиму тавсеаи бештар  идомаи самарабахш хоҳанд ёфт.

Мо аз раванди рушди бемайлони робитаҳои тарафайни байни  кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем ва ҳамеша алоқаманди боз ҳам ғанитар  гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо бо иқдомоти нави амалии ҳамкорӣ  ҳастем.

Зимнан  омодагии хешро барои саъю талошҳои минбаъда дар ин ҷода иброз медорам.

Ба Шумо саломатии комилу саодат ва дар роҳи таъмини рифоҳу шукуфоии ҷомеаи Покистон комёбиҳо, ба мардуми бародари кишвари Шумо сулҳу субот ва пешрафти рӯзафзун орзумандам».

www.president.tj