Барқияи тасаллият

№61 (3698) 01.06.2017

31 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷалолатмаоб!

Хабари таркиши маргталабона дар шаҳри Кобул, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта дар моҳи шарифи Рамазон гардид, моро дучанд андуҳгин намуд.

Мо ин амали ғайриинсонӣ ва ваҳшиёнаи террористонро, ки хилофи суннату оинҳои поки дини мубини Ислом мебошад, шадидан маҳкум менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба Шумо, Ҷалолатмаоб, наздикону пайвандони қурбоншудагон ва тамоми мардуми дӯсти Афғонистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзумандем».

 www.president.tj