Барқияи тасаллият

№154 (3791) 26.12.2017

25 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Филиппин Родриго Роа Дутерте барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари фоҷиабори ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари офатҳои табиӣ ва техногении охир дар кишвари Филиппин боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Филиппин ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда,  барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

 www.president.tj