Барқияи Тасаллият

№8 (3802) 20.01.2018

18 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Шавкат Миромонович!

Хабари оташ гирифтани автобуси мусофирбарро дар вилояти Актюбински Ҷумҳурии Қазоқистон, ки муҷиби ҳалокати 52 нафар гардид, бо андуҳи гарон дарёфтам.

Аз Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, хоҳиш менамоям, ки изҳори тасаллият ва ҳамдардии моро аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон бирасонед. Ба осебдидагони  ин фоҷиа шифои комил мехоҳем».

www.president.tj