Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар Душанбе

№9-10(3646-3647) 31.01.2017

27 январи соли 2017 дар Кохи Наврӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилоту созмонҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ғайридавлатию ҷамъиятӣ, динию фарҳангӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Сарвари давлат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки  дар бист соли фаъо­лият Шӯрои ҷамъиятӣ муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ — ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои милливу фарҳангӣ ва ғайраро таъмин намуд ва ба таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ кумак расонида, вазифаҳои таърихии худро иҷро кард. Ҳамчунин, Пешвои миллат доир ба  вазъи ниҳоят печидаву мураккаби ҷаҳон, афзоиши хатари терроризму ифротгаройӣ, пешгирии паҳншавии бегонапарастиву хурофот ва экстремизму терроризм дар байни ҷавонон изҳори андеша намуданд. Дар анҷом баъзе аз аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни рушду тараққиёти минбаъдаи кишвар андешаҳои ҷолиб баён доштанд.

www.president.tj