Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№4 (3641) 14.01.2017

Дар бораи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Олимзода Н. Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Олимзода Насим Хоҷа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 12 январи соли 2017, №811