Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон озод намудани Зоирзода М.О.

№14 (4120) 30.01.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Зоирзода Маърифат Оймаҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон озод карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 27 январи соли 2020, № 1443