Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобозода Ш.

№12 (3962) 29.01.2019

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Бобозода Шавкат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 28 январи соли 2019, №1190