Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ба полковник Рауфзода С. О. додани рутбаи махсуси навбатии «генерал-майор»

№111 (4217) 12.09.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ба полковник Рауфзода Суҳроб Орзу – Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи махсуси навбатии «генерал-майор» дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 10 сентябри соли 2020, № 1607