Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сарфарозгардонии Ҳошим Гадоев бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№52 (3689) 13.05.2017

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, ­спектаклҳо, хизматҳо дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ Ҳошим Гадоев – ҳунарпеша ва режиссёри Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон сарфароз гардонида шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 10 майи соли 2017, №872