Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таъин намудани аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

№48 (4154) 16.04.2020

Мутобиқи моддаҳои 49 ва 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шахсони зерин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъин карда шаванд:

Раҳимӣ Фарҳод – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

Дӯстзода Ҳасан Тағдир – раиси ноҳияи Нуробод;

Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон;

Ҷабборӣ Бурҳониддини Исҳоқ – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 15 апрели соли 2020, № 1519