Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин намудани Мамадшоев Д. С.

№115 (3909) 22.09.2018

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Мамадшоев Давлатшо Силтоннаҷотович раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 18 сентябри соли 2018, № 1107