Ифтитоҳи боғ ва мақбараи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе

№131 (3768) 09.11.2017

38175993172_67a44548b7_o6 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айниро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзи таҷлили ҷашни 23 — юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили 25 — солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи ­Садриддин Айнӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи боғ нахуст аз болои муҷассамаи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ пардаро бардошта, ин маркази бошукӯҳро мавриди истифода қарор доданд. Дар ҳамон ҷо бо иштироки шоира Фарзона маҳфили шеър баргузор гардид. Муҷассама аз ҷониби Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош ­Ғафурҷон Ҷӯраев дар масоҳати 86 метри мураббаъ бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст.

Президенти мамлакат бо ҳамроҳонашон дар назди мақбараи устод Айнӣ, ки дар боғ мавқеи асосиро ишғол мекунад, бо дуову фотеҳаи нек рӯҳашро шод карданд. Мақбара бо истифода аз сангҳои гуногун бунёд ва дар он нақшу нигори миллӣ ба таври моҳирона ҳаккокӣ карда шудааст. Масоҳати умумии мақбара 160 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва роҳравҳои атрофи он бо сафолакҳои ранга оро ёфтааст.

Зимни таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва ғайра бунёд ёфта, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо, ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидаанд.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз ду даромадгоҳ — асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст. Ороиш ва нақшу нигори даромадгоҳҳои боғ, сутунпояҳои бошукӯҳу мунаққаш, ки бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд шудаанд, таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ҷалб месозанд.

Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани барномаҳои консертӣ, маҳфилҳои ҳунарию эҷодӣ ва ғайра Амфитеатр сохта шудааст. Иншооти мазкур, ки дар масоҳати 2 ҳазору 540 метри мураббаъ бунёд гардидааст, дорои 1600 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории ҳунармандон ва қаҳвахона, мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо шароити фароғату дилхушии кӯдакони хуштолеи замони истиқлол дар боғ шинос шуданд.

Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонии майдонча, ки дар масоҳати 2500 метри мураббаъ бунёд гардидааст, баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ҷалби кӯдакону наврасон ба барномаҳои гуногун дастур доданд.

Боғ аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгӯ буда, дар гӯшаву канори он камераҳои назоратӣ насб гардидааст. Дар ҳудуди боғ, ҳамчунин 50 дастгоҳи радиошунавонӣ насб шудааст.

Баъди ифтитоҳи маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта шинос шуданд.

Корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии боғ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони вилояту шаҳри Душанбе дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфтааст.

Президенти мамлакат ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, соҳибкорон, муаллифони тарҳи нав ва мутахассисону бинокороне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахтамон заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил додаанд, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.

Ёдовар мешавем, ки боғи мазкур ҳанӯз соли 1954, баъди дар ин мавзеъ ба хок супоридани устод Айнӣ, қомат афрохтааст. Азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ нишонаи эҳтиром ва самимияти Сарвари давлат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат, ба таври шоиста қадр кардани хизматҳои таърихии устод Айнӣ, аз ҷумла барои муаррифии миллати тоҷик, фарҳангу адабиёти оламшумули он ва дар марҳилаи тақдирсоз аз давлати тоҷикон пуштибонии амиқ намудани ӯст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 нахустин унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро ба устод Айнӣ сазовор донистанд ва имрӯз бо азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатӣ рӯҳи ӯро шод намуданд. Мавриди зикр аст, ки барои абадӣ нигоҳ доштани хотираи неки устод Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои гуногун андешида шудааст. Якчанд хиёбону кӯча ва муассиса дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба номи ӯ гузошта шуда, муҷассамаву нимпайкараҳояш қомат афрохтаанд. Калонтарин Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон номи устод Садриддин Айниро гирифтаанд.

Баъди шиносоӣ бо навовариҳо дар боғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо бо сокинону меҳмонони пойтахт мулоқот доир карданд.

 

www.president.tj