Ифтитоҳи дувумин Пойгоҳи инноватсионии ронандагии «Автодром» дар шаҳри Душанбе

№104 (3250) 09.09.2014

атодром

Шашуми сентябри соли 2014 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Пойгоҳи инноватсионии ронандагии «Автодром» ифтитоҳ ёфт.

Тавре иттилоъ доданд, ин дувумин чунин пойгоҳи автоматикунонидаи ҷавобгӯйи талаботи муосири ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе ва панҷум дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад. Пойгоҳи автоматикунонидаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ташаббускори ватанӣ бунёд гардидааст. Иқдоми онҳо намунаи олии амалӣ намудани лоиҳаи ҳамкории бахши хусусӣ ва давлат арзёбӣ мегардад.

Чунонки аён гардид, фаъолияти ин пойгоҳ якҷоя бо мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ, мактабҳои ронандагӣ ва дигар сохторҳои марбута ба роҳ монда, барои истифодабарии сокинони пойтахт ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Сохтмони пойгоҳи мазкур охири соли 2013 шурӯъ шуда, дар давоми нуҳ моҳ ба охир расид. Маблағи умумии сохтмон беш аз нуҳ миллион сомониро ташкил медиҳад.

Барои таҷҳизонидани пойгоҳи мазкур 26 воситаи нақлиёт, аз қабили мошинҳои сабукрав, боркаш, автобусҳо ва мототсиклҳо барои гузаронидани машқҳои ронандагӣ ва қабули имтиҳони амалӣ харидорӣ шудааст. Инчунин, барои ҷиҳозонидани майдони ронандагӣ таҷҳизоти инноватсионии компютерӣ барои сабти раванди қабули имтиҳони ронандагӣ дар шабакаи электронии ягонаи ҷумҳуриявӣ васл шудааст.

Мактаби ронандагӣ дорои таҷҳизоти инноватсионии истеҳсоли давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад. Дар ин пойгоҳ имкон аст, ки то 80 нафар дар як рӯз машқҳои ронандагӣ анҷом диҳанд ва то 90 нафари дигар бо воситаҳои нақлиёти сабукрав ва боркаш имтиҳони амалии ронандагӣ супоранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки шумораи синфхонаҳо ва таълимгирандагон афзун карда шавад, зеро талабот зиёд аст. Дар мактаби ронандагӣ ва бахшҳои ёрирасони ин пойгоҳ барои 120 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Барои кормандони пойгоҳ ва довталабону муҳассилин тамоми шароити маишиву иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст.

Афзалияти аз ҳама муҳими мактаби ронандагии ин пойгоҳ дар он аст, ки ин ҷо ҷараёни тамоми корҳо, аз ҷумла дарсҳои назариявию амалӣ ва ҳам имтиҳонҳои назариявию амалӣ таҳти назари камераҳои мушоҳидавӣ ва дигар воситаҳои техникии назорат қарор дорад ва имкони ҳама гуна дахолати номатлуб ба ин раванд, аз ҷумла амалҳои коррупсионӣ, аз миён бардошта шудааст. Ин афзалият ва чунин шароит имкон медиҳад, ки ронандагони оянда хуб хонда, ҳамаи нозукиҳои ин касбу ҳунарро аз худ кунанд ва бе ёрии касе имтиҳон супурда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шаванд.

Ҳадафи ниҳоӣ аз бунёди ин пойгоҳҳо ва дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ мондани ҷараёни таълим баланд бардоштани касбияти ронандагон, хусусан ронандагони ҷавон, беҳ намудани фарҳанги ронандагӣ ва дар ниҳояти кор кам намудани шумораи садамаҳои нохуши нақлиётӣ мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз бунёди чунин пойгоҳҳои инноватсионӣ, ки аллакай дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ва Хуҷанд фаъолияти босамар доранд, изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки дар шароити афзоиши босуръати шумораи мошинҳо дар Тоҷикистон омодасозии хуби ронандагон ва таъмини бехатарии ҳаракати рoҳҳо басо муҳим аст.

Чунонки зикр гардид, сохтмони пойгоҳҳои шашум ва ҳафтум аз ин силсила ҳоло дар шаҳрҳои Истаравшан ва Исфара идома дорад. Ҳамин гуна пойгоҳу мактабҳои инноватсионии ронандагӣ минбаъд аз ҷониби ҳамин гурӯҳи соҳибкорон дар тамоми минтақаҳои кишвар сохта, ба кор дароварда мешаванд. Барои ин сохтмони 50 мактаби нави инноватсионии ронандагӣ дар нақша аст.

www.president.tj