Ифтитоҳи иншооти нав бо иштироки Роҳбари давлат

№112-113 (3592-3593) 30.08.2016

14053845_1121736437896541_3070198142820048771_o24 августи соли 2016 пас аз ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, корхонаи азими сементбарорӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Ёвон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қӯрғонтеппа – маркази вилояти Хатлон ташриф овард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа сокинони вилоят бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

24 августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Сарбанд ба фаъолияти сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи Сарбанд» расман оғоз бахшид. Дар он имкони нигоҳдории то 1000 тонна меваю сабзавот мавҷуд буда, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи Сарбанд» бунёд гардидааст.

Сардхона бо технологияи муосир ба маблағи 2 миллиону 645 ҳазор сомонӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва дар он нигоҳдории маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Баробари ба истифода додани сардхона 25 нафар сокини шаҳри Сарбанд бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Президенти мамлакат бо шароит ва технологияи сардхона шинос шуда, бунёд ва ба истифода додани онро дар фаровонии бозорҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар бо маҳсулоти тару тоза дар ҳама фасли сол муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуд.

Дар шафати сардхона коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои пластикӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар як шабонарӯз то 1500 дона қуттӣ истеҳсол мекунад.Чунин қуттиҳои пластикӣ қаблан аз хориҷи мамлакат бо нархи гарон ворид карда мешуд. Президенти мамлакат ба масъулон дастур дод, ки оянда барои нигоҳдории бештари маҳсулоти кишоварзӣ дар дигар шаҳру ноҳияи мамлакат бо ҷалби соҳибкорон бунёди сардхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи муосирро ба роҳ монанд.

Дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Обшорон муассисаи томактабии хусусии «Малика»-ро ифтитоҳ намуд.

Кӯдакистони мазкур имкон дорад, ҳар рӯз 300 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад. Он аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Мадина Асадуллоева бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Собир-Самт» бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаи томактабии хусусии «Малика», ба соҳибкорзани маҳаллӣ ва сохтмончиён барои бунёди чунин як бинои муосир барои ташаббуси ватандӯстона изҳори сипос намуд. Бинои наву замонавии боғчаи бачагона бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Бо ифтитоҳи он 25 нафар сокини маҳаллӣ имкон пайдо карданд, ки бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гарданд. Бояд гуфт, ки дар ин муассисаи томактабӣ асбобу анҷом барои хониш, машғулиятҳои гуногун ва будубош муҳайё карда шуда, он аз хонаи хобу бозии кӯдакон, толори варзишӣ, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Дар ин ҷо Пешвои миллат, Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгаронро даъват намуд, ки бо истифода аз чунин шароит кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худо­гоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони сарзамини худ бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Сарбанд бо буридани лентаи рамзӣ бинои хуштарҳу замонавии муассисаи томактабии хусусии «Нигина»-ро ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Акнун дар ин муассиса 150 нафар дӯстрӯяк ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Барои тарбияи онҳо 15 мураббии кордону ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд, ки бо маоши мувофиқ таъмин ҳастанд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи томактабӣ аз моҳи январи соли 2015 оғоз гардида буд.

Фармоишгари иншоот соҳибкорзан Мадина Асадуллоева ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Собир-Сам» мебошанд. Маблағи лоиҳавии иншоот 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва он дуошёна бунёд гардидааст.

Муассисаи томактабии хусусии «Нигина» дар маҷмӯъ аз 10 ҳуҷра иборат мебошад, ки 6 ҳуҷрааш барои хоб ва боқӣ барои корҳои амалию варзишӣ ва дигар машғулиятҳо пешбинӣ гардидааст.

Дар ошёнаи аввали бино ошхона бо 150 ҷойи нишаст дар хизмати тарбиятгирандагон қарор дорад.

Ҳуҷраи тиббӣ барои кумакҳои аввалия ва толори маҷлисӣ бо ғунҷоиши 50 ҷойи нишаст ҳам вобаста ба завқу хоҳиши кӯдакон оро ёфтаанд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳри Сарбанд то ба имрӯз 3 муассисаи томактабӣ фаъолият дошт, ки дар онҳо 485 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешуданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани боз як муассисаи дигар, шумораи фарогирандагон бештар ва шароит ҳам хубтар шуд.

Муассисаи томактабии хусусии «Нигина» дар майдони 40 садяк бунёд гардидааст.

Сарвари давлат бо шароити муҳайёшуда дар ин муассисаи нави томактабӣ шинос гардида, иқдоми муассиси онро намунаи ибрат хонд.

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз таҷдиди комил бинои нави Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро дар ноҳияи Бохтар дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз навсозии пурраву босифат фаъол кунонида шуд. Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2006 ҳамчун муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар ҳайати Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар таъсис дода шуда буд, шароити хуби таҳсилу илмомӯзӣ надошт.

Масоҳати ҷойгиршавии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 17 гектар буда, дорои ду факултет, 11 бино, аз ҷумла 4 бинои таълимӣ, як бинои маъмурӣ ва чор хобгоҳ, 5 синфхонаи компютерӣ, 120 компютер, 13 тахтаи электронӣ, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, 2 ошхона барои беш аз 300 донишҷӯ, варзишгоҳ, 2 маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ, майдонча барои гузаронидани машқҳои тактикии ҳарбӣ, таҳхона барои ҳолатҳои фавқулода ва иншоот барои гузаронидани машқҳои тирпарронӣ мебошад.

Шумораи донишҷӯён дар донишкада зиёда аз 1700 нафарро ташкил менамояд, ки аз ин 1140 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 570 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд. Донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда 101 нафарро ташкил медиҳанд, ки 34 нафари онҳо ятиму бепарастор мебошанд.

Дар донишкада барои пешбурди фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ 120 нафар омӯзгор таълим медиҳанд, ки 12 нафар номзади илм ва 16 нафар унвонҷӯ мебошанд.

Қобили қайд аст, ки донишкадаи номбурда ҳамкориро бо зиёда аз 30 муассисаи таҳсилоти олии хориҷи кишвар, аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии электротехникии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии энергетикии Иваново, Донишгоҳи давлатии Петрозавод, Донишгоҳи агротехнологии Рязан ба номи П. А. Костичев, Донишгоҳи нефту техникии Уфа, Донишгоҳи Урали ҷанубӣ, Донишгоҳи педагогии Томск, Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ, Донишгоҳи Урал ба номи Б. Н. Елтсин ба роҳ мондааст.

Дар асоси ин ҳамкориҳо 16 нафар омӯзгори ҷавони донишкада ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ барои таҳсил дар аспирантура, коромӯзии илмӣ ва барои бурдани корҳои илмӣ — тадқиқотӣ фиристонида шудаанд.

Корҳои навсозиро дар ин муассисаи олии таълимӣ ҶДММ «Балх- 2015» аз аввали соли равон ба уҳда гирифта буд. Тайи ин муддат ҳайати панҷоҳнафараи сохтмончиёни ширкат таҷдиди иншоотро сифатан хуб ба роҳ монданд. Танҳо барои таҷдиди бинои маъмуриву таълимии иншоот зиёда аз 12 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо утоқу синфхонаҳои компютериву лабораторӣ ва утоқҳои фаннии муассиса шинос шуда, бо ҳайати устодон ва донишҷӯён суҳбатҳои муфид намуд. Зикр гардид, ки айни замон донишҷӯён дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар аз рӯи 12 ихтисос таҳсил доранд.

Хабар дода шуд, ки соли равон барои корҳои таъмирию сохтмонии танҳо факултети электромеханика 1,5 миллион сомонӣ сарф шудааст. Иншоот аз бинои дуошёнаи маъмурӣ ва таълимӣ, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ бо таҳхона иборат мебошад. Дар бинои таълимӣ 9 ҳуҷраи корӣ ва 8 синфхона ҷойгир шудааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохт­монӣ ва таҷҳизи бинои мазкур баҳои баланд дода, ба масъулони соҳа дастур дод, ки ба сифати таълиму тадрис, махсусан сатҳи донишомӯзии донишҷӯёни факултети электромеханикаи донишкада диққати хоса зоҳир карда шавад, зеро энергетика аз бахшҳои ҳаётан муҳим ва ояндадори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Фармоишгари корҳои навсозӣ дар 5 бинои хобгоҳ барои 880 ҷой Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиёни иншоот ҶДММ «Салмон сохтмон», ҶДММ «Осоиш» ва ҶДММ «Насби нур» мебошанд.

Арзиши харҷномавии навсозии биноҳои хобгоҳ 13 миллиону 658 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои корҳои таъмиру барқарорсозӣ 10 миллиону 158 ҳазор сомонӣ ва барои таҷҳизот сеюним миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити ошхона, толори варзишӣ ва синфхонаву озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази муассиса шинос шуда, донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ ва хизмати арзанда анҷом додан ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуд.

Дар донишкада, инчунин Маркази хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ифтитоҳ шуд, ки ба беш аз 40 ҳазор сокини ноҳияи Бохтар хизмат мерасонад. Дар ҳамин марказ пардохти нафақа ва пардохтҳои буҷетиву коммуналӣ сурат хоҳанд гирифт.

Дар ноҳияи Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидов шинос шуд.

Ин хоҷагии тухмипарварӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2008 ҳамчун хоҷагии зертобеи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ресандаи Қӯрғонтеппа» таъсис дода шудааст, ки алҳол дар тавозуни он 4 ҳазору 394,3 гектар замини корами обӣ мавҷуд мебошад.

Соли равон дар заминҳои хоҷагӣ дар майдони 915,1 гектар ғалладона, 3 ҳазору 50 гектар пахта, 57,4 гектар картошка, 210,4 гектар сабзавот ва 112,9 гектар зироати хӯроки чорво кишт намудаанд.

Айни ҳол дар хоҷагӣ зироати гандум, ҷав, ҷуворимакка, картошка, сабзавот ва полезӣ пурра ва беталаф ҷамъоварӣ шудааст.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, имсол аз ҳар гектар дар ин хоҷагӣ 50 сентнерӣ гандуму ҷав, 44 сентнерӣ ҷуворимакка, 262 сентнерӣ картошка ва 268 сентнерӣ сабзавот ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нишондод нисбат ба дурнамо аз 1 то 16 фоизӣ бештар будааст.

Дар ҳудуди Хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидов, ҳамзамон ду гектар боғ ҳам бунёд шудааст, ки хоҷагидорон дар соли оянда аз он ҳосили дилхоҳ интизоранд. Зироати асосии дар ин хоҷагӣ киштшаванда пахта мебошад, ки кишти он 69,4 дарсади заминҳои корами хоҷагиро ташкил медиҳад.

Имсол мувофиқи дурнамо бояд 6731 тонна пахта истеҳсол карда шавад, ки аз ҳар як гектар 21,3 сентнериро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти заҳматкашон бо чидани аввалин кӯрак аз ниҳолони пурбори хоҷагӣ ба маъракаи чиниши пахта оғоз бахшид ва барои пурраю беталаф ҷамъоварӣ кардани он дуои хайр дод.

Сарвари давлат дар ҳамин ҷо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии заҳматкашони хоҷагиро аз назар гузаронд.

Бо буридани лентаи рамзӣ 25 августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи таълимии «Гимназияи хусусии хонандагони лаёқатманди ба номи Аминҷон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз бахшид.

Муассисаи мазкур, ки аз ҷониби соҳибкор Амонулло Саъдуллоев сохта шудааст, дорои шароити муосири таълимӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо техникаву технологияи муосири илмомӯзист.

Он имконият дорад дар як баст 640 нафарро ба омӯзиш фаро гирад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон утоқҳои таълимӣ, синфхонаҳои фаннӣ ва толору маҷлисгоҳҳои муассисаро аз назар гузаронда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд дод.

Тавре маълум гашт ин муассисаи хусусӣ аз 24 синфхона иборат буда, дар он 2 утоқ барои омӯзиши компютер, 1 утоқ барои омӯзиши фанни физика, 1 утоқ барои омӯзиши фанни химия ва 1 утоқ барои омӯзиши фанҳои биологияву технология пешбинӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин муассиса бо назардошти талаботи феълии меъмориву шаҳрсозӣ ба анҷом расидааст. Хонандагон имконият доранд, ки бо истифода аз шароити муосири илмомӯзӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ дар ин ҷо ба омӯзиш машғул шаванд.

Муассисаи таълимӣ, ки дар масоҳати 5 гектар сохта шудааст, дорои толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ барои футболу волейбол, баскетбол ва майдончаи сафороӣ барои дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ мебошад. Маҷлисгоҳи гимназия барои 126 нафар пешбинӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва омӯзгорони гимназияро ба роҳандозии усулҳои муосири таълимӣ ва тарбияи дурусти насли наврас ҳидоят намуд.

25 августи соли 2016 дар кӯчаи Борбади шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали ҶСП «Спитаменбонк» ба истифода дода шуд.

Масоҳати умумии он ҳазор метри мурабаъро ташкил медиҳад ва дар он айни замон 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ ба кори сохтмончиёну меъморон баҳои баланд дод.

Дар бинои нав, ки аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, барои кормандон муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Гуфта шуд, ки сандуқи қарзии филиали ҶСП «Спитаменбонк»дар шаҳри Қӯрғонтеппа қариб 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аксарияти ин маблағ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсолот ва рушди хоҷагии қишлоқ ҳамчун қарз пешниҳод шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2014 оғоз гардида буд. Сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди «Нузам» тавонистанд, ки онро бо сифати баланд дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта, ба истифода диҳанд.

Арзиши лоиҳавии ин бино беш аз 8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар рафти сохтмон унсурҳои меъмориву шаҳрсозӣ ба инобат гирифта шудааст.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа, инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои нави истиқоматиро ифтитоҳ бахшид.

Баъди буридани лентаи рамзӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зист ва хизматрасонию савдо дар бинои истиқоматии 15 — ошёна, воқеъ дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ, шинос шуд. Инчунин, Сарвари давлат ба 2 нафар калиди хонаҳои истиқоматиро дар вазъияти тантанавӣ супорид. Бояд зикр кард, ки аз ин ду нафар яке ятими кулл ва дувумин оилаи афсаре будааст, ки ҳангоми ҳифзи амну суботи кишвар аз дасти бадхоҳон ба ҳалокат расидааст. Сарвари давлат изҳор дошт, ки қаҳрамониҳои афсарону сарбозон ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Ятимон низ дар ягон ҳолат бояд худ­ро танҳо эҳсос накунанд, зеро Ҳукумати кишвар пайваста баҳри зиндагии шоистаи эшон андеша намуда, тамоми шароити буду бош ва таълимиро барояшон муҳайё месозад.

Фармоишгари бинои боҳашамати мазкур идораи сохтмони асосии шаҳр ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Камар Товар» мебошад.

Маблағи умумии сохтмони иншоот 37 миллиону 341 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бинои мазкур аз 120 ҳуҷра иборат буда, бо шаклу унсурҳои милливу муосир бунёд шудааст. Дар корҳои сохтмонӣ 220 нафар сокини маҳаллӣ ва берун аз минтақа фаъолият кардаанд.

Дар маркази савдои бино, ки бо шакли замонавӣ сохта шудааст, 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд, ки ба тиҷорати ашёҳои маишӣ ва заргарӣ машғуланд.

Худи ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар вазъияти тантанавӣ бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ намуд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бинои сеошёна бо шароити кори кормандон аз наздик шинос шуд.

Бинои мазкур аз 36 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, бо сифати хуби меъморӣ бунёд шудааст. Дар ин ҷо акнун 50 нафар корманд бо истифода аз шароити муосир ба нафъи давлату миллат фаъолият хоҳанд кард.

Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сари Хосор» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳрсоз» мебошанд.

Маблағи умумии сохтмони бино, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ҷудо гардидааст, 2 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин иншооти замонавиро ба кормандон муборакбод гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят кард.

Мавриди зикр аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати кишвар барои тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо таъмини техникаю дигар муҳимот, омӯзонидани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин бо бунёди иншооти замонавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ шароити муосири кор фароҳам оварда шудааст.

25 августи соли 2016 дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино барои 800 нафар тамошобин пешбинӣ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамомада Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бунёди ин иншооти фарҳангиро дар остонаи ҷашни сарнавиштсози миллат- 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли ҳунар туҳфаи арзанда арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки корҳои сохмонӣ дар бинои нави дуошёнаи Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа соли 2014 оғоз гардида буд ва корҳои бунёдиро дар иншооти мазкур ҳамчун пудратчии асосӣ ҶДММ «Собир САМ» ба уҳда дошт.

Дар он беш аз 20 утоқи корӣ, аз ҷумла ҷойи машқу тамрини ҳунармандон, ороиши чеҳра, ҳуҷраи нигоҳдории либосҳои саҳнавӣ, ошхона ва ҷой барои истироҳати ҳунарпешаҳои театр бунёд гардидааст, ки ҳама бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии соҳа таъмин карда шудаанд.

Ба гуфти мутахассисон, бо чунин шакл бунёд гардидани театр ба фаъолияти касбии ҳунармандон мусоидати бештар хоҳад кард, зеро саҳнаи марказии толори тамошобинон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ чархзананда буда, дар вақти таҳия ва пешниҳоди намоишномаҳо ороиш ва дигаргун намудани саҳна ба осонӣ сурат мегирад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид дошт, ки бо фароҳам гардидани чунин шароит аҳли театрро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта, масъалаҳои нав ва мубрами ҳаётро дар даврони Истиқлолият ба миён гузоранд.

Ба гуфти Сарвари давлат, ҳар як ҳунарманд бояд таҷассумгари фарҳанги волои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ бошад, то тавонад дар алоҳидагӣ ҳамчун тимсоли ибрат ба насли ҷавон таъсири нек расонад.

Баъдан ҳунармандони театр ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон порчаҳо аз намоишномаҳои таҳиянамудаашонро пешкаш карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии Маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа оғози расмӣ бахшид.

Маҷмааи мазкур дар майдони 54 гектар марҳила ба марҳила бунёд мегардад ва қисмати бештари онро иншооти варзишӣ, ба монанди майдонҳои хурду калони бозии футбол, волейбол, баскетбол, теннис, толорҳои машқи бадан ва қасри намудҳои варзиши обӣ ташкил медиҳанд.

Тавре зикр гардид, калонтарин майдони футболи ин маҷмаа, ки барои 25 ҳазор тамошобин пешбинӣ шудааст, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва аз ҷиҳати тарҳи меъморӣ дар кишварҳои минтақа назир надорад.

Зимни муаррифии лоиҳаи Маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин ҷо, ҳамзамон, як кӯли сунъӣ сохта мешавад ва ҷиҳати таъмини истироҳати сокинон дар майдони 12 гектари дигар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ, дар ин иншооти азими варзишию фароғатии муосир дар солҳои наздик бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он садҳо нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва фестивали «Оши палави Хатлон»-ро аз назар гузаронд.

Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуд.

Ба андешаи Сарвари давлат ­Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати кишвар мо метавонем ба татбиқи яке аз самтҳои стратегии ҷумҳурӣ- таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.

Тавре ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, дар вилояти Хатлон 64 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулот машғуланд. Дар соли 2016 кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар майдони беш аз 412 ҳазор гектар кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ мондаанд.

Зикр гардид, ки барои расидан ба натиҷаҳои назаррас, пеш аз ҳама, истифодаи самараноки замин ва аз худ кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат мусоидат намуд.

Ҳамзамон, фароҳам овардани шароит барои деҳқонон, аз қабили дастрас намудани техникаҳои муосири кишоварзӣ ва додани қарзҳои имтиёзнок барои гирифтани ҳосили дилхоҳ заминаи воқеиро ба вуҷуд овард.

Имрӯзҳо хоҷагидорон дар баробари таъмини бозори дохилӣ маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар низ содирот мекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон аз вилояти Хатлон беш аз 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст ва дар ин самт ҳиссаи заҳматкашони ноҳияи Ҷайҳун назаррас арзёбӣ мегардад.

Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти мева низ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳо натиҷабахшанд. Танҳо дар соли равон 1390 гектар боғу токзори нав бунёд шудааст, ки оянда дар афзун гардидани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ нақши асосӣ хоҳад дошт.

Он рӯз, ҳамчунин, даври ниҳоии Фес­тивали «Оши палави Хатлон» баргузор гардид, ки дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар 100 дег таоми миллии мардуми тоҷик- оши палавро омода карданд.

25 августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа дар намоиши театришудаи аҳли фарҳанги вилоят ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни бузурги умумимиллӣ — 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намуд.

Қабл аз оғози барномаи идона Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, нахуст ҳозирин ва дар шахси онҳо сокинони вилояти Хатлонро бо санаи муҳими таърихӣ, ҷашни тақдирсоз — Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат орзу намуд, ки ин неъмати худодод то абад ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати мо пойдору устувор бошад.

Таъкид гардид, ки бо шарофати ин ҳадяи тақдир кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мо истиқлолиятро муқаддас мешуморем ва барои ҳифзу таҳкими он дар зарфи чоряк асри сипаришуда бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ ва масъулият дар назди Ватан саъю талоши ватандӯстона мекунем.

Ба андешаи Сарвари давлат, ҳамаи дастовардҳо туфайли меҳнати садоқатмандона ва ҷонибдории амиқи мардум аз сиёсати давлату Ҳукумат ва бо кӯшиши ватандӯстонаи мардуми кишвар ба даст омадааст. Таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ низ аз ирода ва хизмати бузурги мардуми солору хирадманди тоҷик мебошад.

Баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши рангини театришуда оғоз гардид, ки тараннумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд.

26 августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ марҳилаи дуюми корхонаи коркарди нӯшокиҳои ташнашикани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон»-ро мавриди истифода қарор дод.

Қобили тазаккур аст, ки санги асоси корхонаи мазкур ҳанӯз соли 2013 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ин ноҳия гузошта шуда буд.

Бинои корхона дар асоси лоиҳае, ки аз тарафи ҶДММ «Архиком» -и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст, сохта шудааст. Корхонаи коркарди меваю сабзавот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Чиллахон Тоҳиров бо маблағи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҳоло иқтидори истеҳсолии корхона афзун гардида, дар он дар як сол имкони истеҳсоли то 300 тонна маҳсулоти тайёр мавҷуд аст. Ба воситаи технологияи муосире, ки дар ин коргоҳ насб шудааст, аз меваю сабзавот метавон ҳама гуна нӯшокиҳои ташнашикан омода намуд. Айни ҳол дар ин корхона бе омехтаи ҳар гуна маводи кимиёӣ истеҳсоли 5 навъи шарбат аз шафтолу, зардолу, себ, олуча ва анор ба роҳ монда шуда, зери тамғаи «Сомон» ба харидорон пешкаш гардонда мешавад. Маҳсулот барои коркард дар ин корхона тибқи шартнома аз хоҷагиҳои ноҳия дастрас мегардад. Оғози фаъолияти корхонаи мазкур барои 30 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимиро фароҳам овард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон бо фаъолияти коргоҳи дуюми корхонаи коркарди меваю сабзавот аз наздик шинос шуд. Дар ин коргоҳ асосан бо истифода аз технологияи ҳозиразамон хушкондани меваю сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Дар коргоҳи мазкур дар як рӯз хушкондани то 20 тонна меваю сабзавот имконпазир аст. Маҳсулоти истеҳсолшудаи ин корхона сифати баланд дошта, асосан барои содирот пешбинӣ шудааст. Масъулони корхона нақша доранд, ки дар оянда корхонаи коркарди маҳсулоти шириро низ таъсис диҳанд.

Сарвари давлат ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба масъулон дастур дод, ки ҳангоми омода намудани навъҳои гуногуни маҳсулот аз меваю сабзавот ба сифати он аҳамияти зарурӣ дода, маҳсулоти бозоргир ва қобили содиротро истеҳсол намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33-ро ифтитоҳ намуд.

Хонандагон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳи хоса ва қадршиносӣ аз талошҳои Пешвои миллат нисбат ба насли ояндаи кишвар истиқбол гирифтанд.

Дар вазъияти тантанавӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, муассисаи таълимии наву замонавиро барои 640 нафар дар деҳоти «Навобод» мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин муассисаи таълимиро ба хонандагону устодон муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки ин туҳфаи арзанда ба муносибати ҷашни бузурги умумимиллӣ ва санаи муқаддасу таърихии 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи Президент ва Ҳукумати кишвар тақдим мегардад.

Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи СТС «Иншоот» — и шаҳри Душанбе мебошад. Барои сохтмону таҷҳизонидани ин муассиса наздик ба 19 миллион сомонӣ сарф шудааст. Дар рафти сохтмон қариб 170 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Барои бунёди муассисаи таълимӣ моҳи октябри соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо санги асос гузошта буд ва корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2015 оғоз гардид.

Барои ба таълим фаро гирифтани фарзандони сокинони деҳоти мазкур ва таъмини шароити созгори таҳсил 27 синфхонаи барҳаво, кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла барои фанҳои химия, физика, биология ва синфхонаҳои компютерӣ бо дастрасии  25 адад компютери муосир ва 12 адад дастгоҳи чопкунанда бунёд шудааст.

Бинои муассиса сеошёна ва бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои ошхона бо 150 ҷой, толори варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ бо 810 ҷойи нишаст барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, толори китобхона бо 190 ҷой, маҷлисгоҳ бо 370 ҷойи нишаст ва синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ, аз қабили пухтупаз ва дӯхти либос мебошад. Толори маҷлисгоҳ аз ҷониби устоҳои ҳунарманди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меъмор 7» бо санъати баланди меъморию гаҷкорӣ сохта шудааст. Дар утоқҳои таълими меҳнат писарон имкон доранд, ки нозукиҳои касби дуредгарӣ ва челонгариро аз худ намоянд. Дар ин ҷо, ҳамчунин дар ду утоқи корӣ духтури дандон ва дигар табибон фаъолият мекунанд. Дар саҳни ҳавлии муассиса майдончаи махсус барои гузаронидани дарсҳои тайёрии ҳарбӣ сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълимгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагон суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба аз худ кардани илмҳои замони муосир, технологияи компютерӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуд. Хонандагон дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзанда изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки бо хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ ба ин ғамхориҳо ҷавоб медиҳанд.

Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароити таълим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону хонандагон ва фаъолони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ суханронӣ намуд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи омӯзгорону хонандагон ва аҳли маорифи ноҳияро ба муносибати ҷашни фархундаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрии кишвари азизамон ва ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ самимона табрик гуфт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ оид ба дастгирии Ҳукумат аз бахши муҳиму пешбарандаи ҷомеа-маориф андешаронӣ карда, таъкид дошт, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи рушди соҳа таваҷҷуҳи махсус равона гардид. Натиҷаи чорабиниҳои мушаххас буд, ки дар кишвар шумораи зиёди муассисаҳои таълимии замонавӣ бунёд ва сифати таълиму тарбия баланд бардошта шуд. Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ идомаи ҳамин тадбирҳост.

Дар деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Беков ба маъракаи чиниши пахта оғоз бахшид.

Хоҷагии Ниёзмуҳаммад Беков аз калонтарин хоҷагиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шумор рафта, бисёрсоҳа мебошад. Аҳли меҳнат ба пахтакорӣ, шолипарварӣ, зотпарварӣ, тухмипарварӣ, зироаткорӣ, сабзавоткорӣ, кишти полезӣ — лаблабу, карам, қаланфур ва маккаи дон машғуланд. Заминҳои хоҷагӣ як ҳазору 574 гектарро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар ин ҷо дар майдони як ҳазору 21 гектар навъҳои беҳтарини пахтаи «Хатлон-2014» ва «Тоҷикистон» парвариш карда мешавад. Дар хоҷагии мазкур 2010 саҳмдор фаъолият дорад.

Сармоягузори хоҷагии Ниёзмуҳаммад Беков Ширкати «Исмоили Сомонӣ» мебошад ва ҳосили пахтаи хоҷагӣ тибқи шартнома дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи Сироҷиддин Исоев коркард мешавад.

Аҳли меҳнати хоҷагӣ нақша доранд, имсол беш аз 2 ҳазору 600 тонна ҳосил ба даст оранд, ки ба ҳар як гектар 25 сентнерӣ рост меояд.

Зимни суҳбат бо меҳнаткашон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуд.

 www.president.tj