Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Душанбе

№31 (3981) 21.03.2019

47365004532_5c96bf40fc_o19 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт.

Он барои 1260 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 14 миллион сомониро ташкил дод.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» мебошад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои мас­ъулияти маҳдуди «Ниагара-а» ба анҷом расонида шудааст.

Шароити таълим дар муассиса бо дарназардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст. Хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннии кимиёву физика ва биология бо озмоишгоҳ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарон ва писарон илмҳои дақиқу ҳунарҳои гуногунро аз худ намоянд. Барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон синфхона барои бозӣ ва баргузории мусобиқаҳои шоҳмот низ мавҷуд аст. Ҳамчунин, иншоот дорои синфхона барои инкишофи кӯдакон, утоқ барои ҳамшираи шафқат, ошхона, китобхона ва синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ мебошад.

Инчунин, хонандагон метавонанд дар толори барҳавои варзишӣ ба солимгардонӣ машғул шаванд. Толори варзишии иншоот 450 метри мурабаъро дар бар мегирад.

Бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 3 ошёна иборат буда, дар маҷмӯъ, дорои 27 синфхонаи бо аёнияти хониш муҷаҳҳаз мебошад. Иншоот бо системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст буда, камераҳои назоратӣ дар ҳар як ошёна ва атрофи он насб карда шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълим таваҷҷуҳи насли наврасро ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ҷалб намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, зимни суҳбати самимӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯзи Аҷам ва ифтитоҳи бинои нави муассисаи таълимӣ шодбош гуфта, омӯзгоронро бо истифода аз шароити мавҷуда барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим муваззаф намуданд.

www.president.tj